Душанбеи харобшаванда: чӣ гуна собиқ шаҳри Сталинобод аз гузаштаҳои шӯравии тоза мегардад

By Исфандиёр Одина дар шаҳри Душанбе

Биноҳои даврони шуравии сохташудаи пойтахти Тоҷикистон мунтазам хароб гашта, ҷойи онҳоро хонаҳои истиқоматӣ ва мағозаҳои нав иваз мекунанд. Ин ба аксари сокинон қобили қабул аст

“Дар вақташ бинои мағозаи мазкур яке аз зеботарин биноҳои шаҳр ба ҳисоб мерафт” мегӯяд Неъматуллоҳ Мирсаидов ва тавре ки ӯ шоҳид аст, ҷойи мағозаи кӯҳнаро манораҳои нав гирифтааст. Баъди даҳ соли аз шимолиХӯҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштан, ӯ аз тағйиротҳои ба вуҷуд омада дар ҳайрат монд, аммо тағйиротҳо аз ҷониби ӯ мусбӣ арзёбӣ шуданд. Ӯ қайд намуд, ки “Сохти меъмории шаҳри Душанбе хеле тағийр ёфтааст”. “Шаҳрвандони он бояд аз ин фахр намоянд”.

Вақте ки деҳаи Душанбе соли 1924 пойтахт эълон гардид, он деҳае буд бо танҳо якчанд ҳазор нафар аҳолӣ, ки ҳаҷман хеле бо суръат афзуд ва ҳоло ҳам афзуда истодааст. Дар асосои барномаи нави стратегӣ оиди нақшаи рушди шаҳр, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид, се маротиба зиёд кардани ҳудуди шаҳр дар назар дошта шудааст ва то соли 2030 аҳолии ҳозираи он аз 800 000 ҳазор нафарба 1.2 ҳазор нафар хоҳад расид.

Шаҳр васеъ ва бузург шуда истодааст. Биноҳои даврони Шуравӣ бо биноҳои истиқоматии нав ва биноҳои осмонбӯс иваз мегарданд. Боғҳои истироҳатӣ аз нав барқарор мешаванд, роҳҳо васеъ карда шуда, мағозаҳои ҳозиразамон ҷойи бозорҳои суннатиро иваз мекунанд.

Ба назари наслҳои оянда чунин мерасад ки, таърих аз ҳамин рӯзҳо оғоз шуда, дар гузашта мо ҳеҷ чиз надоштем

…read more

Source: Душанбеи харобшаванда: чӣ гуна собиқ шаҳри Сталинобод аз гузаштаҳои шӯравии тоза мегардад